Нопадид шудани шаҳрвандони Амрико дар Бадахшон
Бен Лак, Нейт Клема, Мет Клема ва ду сайёҳи қаиқрони дигари амрикоӣ, дар маҷмуъ 5 нафар аз аёлати Калорадо, ки рӯзи якшанбеи гузашта ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ахиран ғайб задаанд ва охирин бонги ёрӣ аз онҳо тариқи моҳвора рӯзи чоршанбе ирсол шудааст.
Ин хабарро дар суҳбат бо “Озодагон” намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе низ таъйид карданд ва изҳор доштанд, ки ҷузъиёти онро баъдан ироа хоҳанд кард. Тавре ба “Озодагон” маълум шуд, телефонҳои сайёҳон дастнорас аст ва танҳо ду бор тавонистаанд, бонги ёрӣ ирсол кунанд. Дар ин бонг макони ҳузури онҳо, дар ҳудуди Боғи миллии Помир нишон дода шудааст. Хешовандони гумшудагон аз расмиёти барзиёду таъхиркориҳои мақомоти тоҷик шикоят доранд. Бо вуҷуд гуфта мешавад, айни ҳол кофтукови онҳо бо ҷалби чархбол ва мақомоти тоҷику амрикоӣ оғоз шудааст.
Дар ҳоле, ки сафорати Амрико мегӯяд, бо ҷалби мақомоти тоҷик дар пайи ҷустуҷӯянд, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар суҳбат бо "Озодагон" аз ин кор изҳори бехабарӣ карданд. Сафорати Амрико аз нафароне, ки аз шаҳрвандони нопадидшуда, хабаре доранд, хоҳиш дорад ба рақамҳои 229 20 00 ва 229 23 08 дар тамос шаванд.
Сайёҳони қаиқрон ният доштаанд, баъди ду ҳафтаи ҳузур дар Тоҷикистон ба Непал ва баъдан ба Чин сафар кунанд. Онҳо ҳамаашон донишҷӯ буда, як сол танаффус гирифтаанд, то дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон қаиқронӣ кунанд. Ин сайёҳон қаблан низ ба ҳолатҳои фавқуллода дучор шудаанд, аммо аксаран аз он раҳо шудаанд.