Писари Айтматовро аз бӯстонсарои падараш берун карданд
Писари Чингиз Айматов, нависандаи машҳури қирғизро аз бӯстонсарои падараш, ки дар ҳисоби Бунёди адабии байналмилалӣ буд, берун карданд. Раёсати Хадамоти федеролии иҷроияи судии шаҳри Маскав мегӯяд, рӯзи 27-уми сентябри соли ҷорӣ дар ин бора қарори додгоҳ содир шудааст.
Маҳрум намудани писари Айтматов аз бӯстонсарои падараш дар ҳоле сурат мегирад, ки дар гузашта ин ҳукм ба хотири ҳузур надоштани меросбари нависанда мавқуф гузошта шуда буд. Баҳсу муноқашаҳо атрофи бӯстонсарои Чингиз Айтматов, ки дар маҳаллаи нависандаҳои Переделкино, минтақаи бӯстонсароҳои вилояти Маскав ҷойгир мебошад, миёни пайвандони нависанда ва Бунёди адабии байналмилалӣ аз 1-уми июли соли ҷоӣ идома дошт. Ин бунёд иддао мекард, ки бӯстонсарой дар ҳисоби он буда, пайвандони Айтматов ба он ҳақ надоранд.
Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз бо навиштани повести “Ҷамила”, ки соли 1958 дар Русия ба нашр расид, дар саросари кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрат ба даст овард. Ӯ инчунин муаллифи чандин асар, аз ҷумла “Қиёмат”, “Устоди аввалин”, “Чашми штур” ва “Киштии сафед” мебошад. Асарҳои Айтматов бо зиёда аз 150 забони дунё тарҷума шудааст. Айтматов соли 2008 дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт.