Баҳси оилаи Баҳромиддин, як қурбонии шиканҷа, бо ВКД дар додгоҳ
Баҳси рӯёндани 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн аз Вазорати умури дохилӣ ба нафъи хонаводаи Баҳромиддин Шодиев, ки соли 2011 дар пайи боздошти маъмурони милиса фавтида буд, дар додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт баррасӣ хоҳад шуд.
Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи наздикони Баҳромиддин Шодиев, ба “Озодагон” гуфт, баъд аз чор моҳи муроҷиати Ниёзбӣ Бӯриева -- модари Баҳромиддин Шодиев билохира додгоҳи Исмоили Сомонӣ баррасии ин қазияро ба баррасӣ гирифтааст. Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт. Наздикони ӯ мегӯянд, маъмурони милиса Шодиевро латту кӯб карда, ба марг расондаанд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро муваззаф намуд, ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе, ки ӯ ҳам дар пайи боздошти маъмурони пулис фавтида буд, беш аз 46 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад. Ин миқдор маблағ ба унвони ҷуброни маънавии марги Сафаралӣ Сангов ҷудо карда мешавад, ки моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Сино ба бемористон оварда шуд, аммо баъди 4 рӯз даргузашт.
Инчунин ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, як маҳбуси фавтидаи дигар, аз идораи зиндонҳои Вазорати адлия 30 000 сомонӣ товон рӯёнда буд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо аз пурсарусадотарин мавридҳое буданд, ки мавзӯи шиканҷа дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистонро расонаӣ кардааст. Дар маҷмӯъ, то имрӯз се мавриди аз мақомот ҷуброн хостани хонаводаҳои онҳое маълум аст, ки дар шароити боздоштгоҳ ё зиндон даргузаштаанд.