"Назарайлоқ" раҳбари нав ёфт
Аҳлиддин Иброҳимов, раиси ҷамоати Ҳоит раҳбари кони ангишти Назарайлоқ таъин шудааст. Дар ин бора “Авеста” бо такя ба манобеи худ дар ҷамоати Ҳоит хабар медиҳад.
Ин таъиноти Аҳлиддин Иброҳимов баъд аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба минтақаи Рашт дар ҳафтаи гузашта сурат мегирад. Иброҳимови тақрибан 55-сола солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар симмати муовини раиси ноҳияи Рашт қарор доштааст.
Раиси пешини кони ангишти Назарайлоқ Нуриддин Темиров, шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли ҷорӣ аз сӯи шахсони номаълум дар утоқи истироҳатияш кушта шуда буд. Ҳарчанд тафтиши ин қазияро Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, таҳти назорат гирифт, вале то ҳол омилони қатли Темиров пайдо нашудаанд.
Назарайлоқ яке аз конҳои калидӣ ва дорои ангишти хушсифати Тоҷикистон аст, ки дар 90 километрии маркази ноҳияи Рашт қарор дорад ва тақсими манофеъ аз ин кон яке аз омилҳои даргириҳои се соли пеш дар шарқи Тоҷикистон арзёбӣ мешуд.