“Русияву Чин намехоҳанд, раҳбари Тоҷикистон иваз шавад”
“Русияву Хитой манфиатдор нестанд, роҳбарияти кунунии Тоҷикистон иваз шавад”. Ин ҳарфҳоро Игор Панкратенко, мушовири раҳбари Пажӯҳишгоҳи сиёсати хориҷӣ (Красноярск), дар мусоҳибаи ихтисосие бо торнамои CA-News изҳор доштааст.
Вай гуфта, ки ин натиҷагирӣ ба “таваҷҷуҳи хос” ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, ё устураи гароишҳои “русӣ” ё “хитоӣ”-и вай марбут нест. Балки, ба гуфтаи Панкратенко, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон сиёсатмадоре ҳамвазни оқои Раҳмон пайдо намешавад. ”Президенти Тоҷикистон имрӯз амнияти сармоягузори чинӣ, ҳузури низомиёни Русия ва як қатор тарҳҳои иқтисодии ин кишвар, ба монанди Сариқамиш ва “Сангтӯда-1”-ро таъмин месозад”,-илова кардааст коршинос.
Ба таъкиди Игор Панкратенко, Маскав шартҳои иловагии Раҳмонро дар мавриди зиёд кардани ҳаҷми васоил барои таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи кишвар қонеъ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле ки 1-уми октябр, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қарордоди ҳузури низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия то соли 2041-ро тасвиб кард.
Аз ин пеш, Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфта буд, Амрико то анҷоми танзими тарҳи «Афғонистон баъди соли 2014» ба иваз шудани Раҳмон манфиатдор нест. Панкратенко мегӯяд, “эҳтимол, мавқеи Амрико соли 2014 тадриҷан тағйир ёбад, аммо ҳоло дар ин бора чизе гуфтан барвақт аст.”