Тарҳҳои сармоягузории Тоҷикистон бештар аз 1,5 миллиард доллар
Дар Тоҷикистон феълан 56 лоиҳаи сармоягзории давлатӣ бо маблағи 1 миллиарду 732, 9 миллион доллари амрикоӣ дар ҳоли тадбиқ шудан аст.
Тибқи иттилои маркази матбуотии кумитаи сармоягзорӣ ва идораи амволи давлатӣ тарҳҳои сармоягузорӣ ба 11 бахши иқтисодиёти кишвар равона гардидаанд. Лоиҳаҳои мазкур аз 61,7% маблағҳои қарзӣ, 28, 2% маблағҳои грантӣ, 7, 8 % саҳми ҳукумати Тоҷикистон ва 2, 3% ҳиссаи ширкатҳои давлатӣ (барқи тоҷик, тоҷиктрансгаз) мураккаб гардидааст. Дар нимсолаи аввали соли равон дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягзорӣ азхудкунии маблағҳо 557 миллион сомониро ташкил додааст. Ба иттиллои манбаъ, ин маблағҳо ба рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар равона шудаанд.{jathumbnail off}