Баррасии таъиси Бунёди озуқавории СҲИ миёни Мақомоти тоҷику қазоқ
Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаи таъсиси Бунёди озуқавории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Остонаро баррасӣ карданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умумрихории Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хорҷии кишвар бо Муслим Омиряев, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе мулоқот намудаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои исломӣ, азҷумла таъсиси бунёди озуқавории ин созмон баррасӣ шудааст.
Созмони ҳамкориҳои исломӣ баъд аз Созмони Милали Муттаҳид, дуюмин созмони байналмилалӣ мебошад, ки 57 кишвари дунё узвияти онро доранд. Ҳадаф аз таъсиси ин созмон муҳофизат ва ҳимояти манофеи ҷаҳони Ислом ва ҷорӣ намудани сулҳи байналмилалию ҳамоҳангӣ миёни афроди гуногуни ҷаҳон мебошад.