АКС: Амалиёти “Ба ранги сабз гузар”-и “Мегафон” дар Душанбе
Имрӯз 2-юми октябр ширкати мобилии “Мегафон” дар якҷоягӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо ҷалби мактаббачагон дар 6 гузаргоҳи пиёдагарди пойтахт, чорабиние бо номи “Ба ранги сабз гузар”-ро баргузор намуданд, ки интизор меравад, фардо, 3-юми октябр низ идома ёбад.
Як масъули дафтари матбуотии БДА дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур пеш аз ҳама пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон мебошад: “Бори аввал нест, ки бо ширкати “Мегафон” чорабинӣ гузаронида истодаем. Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин чорабиниҳо баҳри кам намудани садамаҳо мусоидат мекунанд. Чунин аксияҳо кам ҳам бошад, аммо баҳри тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат мекунанд.”
Ба иттилои манбаъ, аз аввали сол то ин ҷониб дар роҳҳои ҷумҳурӣ 1160 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 336 нафар ба ҳалокат расида, 1120 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.