Қарори Убайдуллоев дар бораи Рӯзи забон, ки ба зодрӯзи президент рост меояд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, қарор кардааст, 5-уми октябр дар пойтахт, бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ, ки ба зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рост меояд, чорабиниҳои оммавӣ гузаронида шаванд.
Тибқи қарори Убайдуллоев, мақомоти фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ вазифадор шудаанд, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ шоми 5-уми октябр, дар Боғи устод Рӯдакӣ, Муассисаи давлатии “Боғи пойтахт”, “Дӯстии халқҳо”, “Кӯли ҷавонон”, боғи ба номи С.Айнӣ, майдони “800-солагии Москва” чорабиниҳои оммавию базмҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ баргузор кунанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ба идораи пулис ва амният дар Душанбе дастур додааст, ки дар роҳҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳо амнияти шаҳрвандонро таъмин намуда, ҳаракати нақлиётро низ назорат намоянд.
Дар Тоҷикистон соли чорум аст, ки 5-уми октябр, ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мешавад. Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро аз 22-юми июл ба 5-уми октябр кӯчонд, ки мусодиф бо зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аст.
Нахустин қонуни забони тоҷикӣ дар пайи пофишорӣ ва талошҳои рӯшанфикрони тоҷик рӯзи 22-юми июли соли 1989, дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин, ба тасвиб расида буд. Он замон номи қонунро дар баробари тоҷикӣ вожаи форсӣ дар қавсайн низ ҳамроҳӣ мекард. Аммо ҳоло унвони қонуни забони тоҷикӣ бидуни форсӣ боқӣ мондааст. Зеро дар соли 1994 як идда аз намояндаҳои маҷлиси Тоҷикистон пешниҳод карданд, то калимаи «форсӣ» аз унвони қонуни забони тоҷикӣ берун андохта шавад.