БОР: Пойбандӣ ба пули муҳоҷирон Тоҷикистонро осебпазир медорад
Бонки осиёии рушд (БОР) дар гузориши нави худ вусъати рушди Тоҷикистонро пешгӯӣ карда, изҳор медорад, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2013 ба 7 дарсад баробар хоҳад шуд. Рушди Тоҷикистон барои соли 2014 6 дарсад пешгӯӣ мешавад. Дар ҳоле ки соли 2012 ин нишондод ба 7,5 дарсад баробар буд.
Дар иттилоияе, ки намояндагии Бонки осиёии рушд дар Душанбе нашр кардааст, гуфта мешавад, ки муҳаррики асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамоно интиқоли маблағ аз хориҷ ва тиҷорат боқӣ хоҳанд монд.
Бонки осиёии рушд ҳушдор медиҳад, ки пойбандии иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи муҳоҷирон устувории иқтисодиёти ин кишварро осебпазир нигоҳ медорад. Ин муассисаи молиявӣ аз сиёсати пулии давлати Тоҷикистон истиқбол карда, пешгӯи кардааст, ки сатҳи таваррум дар соли 2013 - 6,5 ва соли 2014 - 7 дарсадро ташкил хоҳад дод.
Тоҷикистон аз соли 1998 узви Бонки осиёии рушд буда, аз он замон то ҳозир аз ин Бонк дар шакли қарзу грант ҳудуди 1 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ маблағ гирифтааст.