ВИДЕО: Master Ismail дар Русия консерти зинда медиҳад
Исмоил Исмоилов, мулаққаб ба M.ONE, рэпсарои маъруфи тоҷик дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия консерт медиҳад.
Ин барномаи ҳунарӣ, ки бидуни фонограмма сурат хоҳад гирифт, 10-уми ноябр, соати 18:00 (вақти Маскав) дар майдони Триумф, тавре созмондиҳандагонаш менависанд, чанд қадам дуртар аз истгоҳи метрои "Маяковский" баргузор мешавад. Арзиши чипта барои ин консерт аз 500 то 700 рубли русӣ будааст. Дар гузашта Исмоил Исмоилов ҳамроҳ бо Баха-84, рэпсарои дигари тоҷик дар клубҳои шабонаи чанд шаҳри Русия, аз ҷумла Маскав ва Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ кардаанд.
M.ONE ё Исмоил Исмоилов соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ яке аз аввалин рэпсароҳои тоҷик гуфта мешавад. Карераи ҳунарии вай соли 1999 оғоз шуда, бештар аз чор соли ахир дар Русия кор ва зиндагӣ мекунад. 3 сол дар тарабхонаи "Хайём" ва феълан ба сифати коргардони овоз дар як студияи шахсӣ фаъолият дорад.
“Тоҷикбача” яке аз таронаҳои Исмайл аст, ки миёни шунавандаҳо маъруфияти зиёде пайдо кард. “Ватани ман”, “Москва”, “Тоқа намемонум” аз сурудҳои дигари ӯянд, ки ҳамчунин ба дӯстдорони рэп писанд омадаанд. Исмоил бо Шабнами Сурайё (Ай бевафо), гуруҳи “Саҳро”-и Узбакистон (Бо ҳам) ва Баха-84, репсарои дигари тоҷик дуэт низ хондааст.