Нозирони САҲА: “Мо фақат изҳорот медиҳем, дахолат намекунем" (ВИДЕО)
14 нозири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки барои назорати фазои пешазинтихоботӣ ва баъд аз он вориди Тоҷикистон шудаанд, ба кори худ оғоз карданд. Ба қавли Параскива Бадеску, раҳбари ин ҳайат, чанд рӯз пеш аз интихоботи президентӣ боз 150 нозири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Вай гуфт, “гурӯҳи мо кормандони варзида ҳастанд ва онҳо дар интихоботи кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок дошта, таҷруба доранд.” VIDEO
Параскива мегӯяд, онҳо аз ҳоло дар бораи шаффоф ва ё ношаффоф гузаштани интихоботи президентӣ пешгӯӣ намекунанд. Фақат, ба гуфтаи ӯ, онҳо ҷараёни маъаркаи интихоботро назорат бурда, баъдан хулосаи худро дар гузорише баён хоҳанд дошт: “Мо дар инҷо танҳо мебинем, ки то кадом андоза интихобот аз рӯи меъёр баргузор мешавад. Мо бо ҳизбҳои сиёсӣ ҳам мулоқот анҷом хоҳем дод. Ҳамзамон мониторинг аз рафти фаъолияти расонаҳоро мегузаронем. Аслан ин аввалин интихоботе нест, ки мо назорат мебарем. Ҳадафи мо дахолат кардан не, назорат аст.” Як намояндаи ин ҳайат ҳам дар суханронии худ гуфт, то кадом андоза ба талабот ҷавобгӯ гузаштани интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз инҷо вобаста аст, на аз онҳо. Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. То ҳоло ҳафт нафар ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ эълон шуда, машғули ҷамъоварии 210 ҳзаор имзо ба тарадфории худанд. Ҷараёни баргузории ин интихоботро ҳудуди 700 нозир назорат ва баъдан бардоштҳои худро дар гузориш ва ё нишастҳои хабарӣ эълон хоҳанд кард.