Воҳидова: “Раисиҷумҳури оянда президенти мардум бошад, на вазирону ҳокимон”
Гуфтугӯи хабарнигори “Озодагон” бо Файзиннисо Воҳидова, узви Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон, дар бораи интихоботу номзадҳо ба мақоми президентӣ.
“Озодагон”: Ҳоло дар Тоҷикистон омодагӣ ба маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Аммо дар муқоиса ба интихоботи кишварҳои дигар зоҳиран ин маърака дар Тоҷикистон “ором” мегузарад. Фикр мекунед, натиҷаи нобоварии мардум аст, ё бепарвоии онҳо?
Воҳидова: “Мушоҳида кардам, мардум тақрибан ба интихоботи президентии шашуми ноябр, ки сарнавишти онҳоро барои ҳафт соли дигар ҳал мекунад, таваҷҷуҳ надоранд. Ҳатто эҳсос намешавад, ки ҳамватанони мо дар муқоиса ба интихоботҳои гузашта як зарра фаъолтар шудаанд. Албатта, ба истиснои як гурӯҳи начандон бузурги дастгоҳҳои давлатӣ, ки захираи маъмурӣ дар ихтиёри онҳо буда, ба фазосозӣ машғуланд. Рӯҳияву бовари мардум аслан тағйир накардааст. Онҳо тақрибан парвое аз маъракаи муҳими тақдирсоз надоранд ва дар сӯҳбатҳо ҳам мегӯянд, дар майдони сиёсат чизе тағйир нахоҳад ёфт.”
“Озодагон”: Аз тарафи созмону аҳзоби сиёсӣ ба мақоми президентӣ 7 номзад пешниҳод шудааст. Аз нигоҳи Шумо, шанси кадоме аз номзадҳо бештар асту боз ҳам кӣ метавонад рақиби воқеӣ ё аслии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, бошад, ки яке аз номзадҳост?
Воҳидова: “Ба истиснои президенти кунунӣ, номзадҳои дигар барои ҷомеа чандон ошно нестанд. Вале бо назардошти он ки ҳар яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанду собиқаи зиёди корӣ доранд ва соҳиби илму донишанд, шоистаи эҳтироманд. Аммо хислати мусбати онҳо маънои сиёсатмадори хуб буданашонро надорад. Ба бовари ман, рақиби асосӣ ва воқеии Эмомалӣ Раҳмон танҳо Ойниҳол Бобоназарова буда метавонад. Ҳар ду номзади сазовор ва шоистаанд. Мутаассифона, шахсияти Бобоназарова нисбат ба Раҳмон танҳо ба як гурӯҳи мушаххас ошност, яъне созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳуқуқшиносон, муаллимони донишгоҳ ва созмонҳои байналмиллалӣ. Ҳоло фурсат ҳаст, то шахсияти муаллима ба ҷомеа ва кулли сокинони минтақаи кишвар муаррифӣ шавад. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон барои ҳама ошност, чун бештар аз 20 сол боз раисиҷумҳур асту сиёсати даҳ соли охираш барои муаррифии худи ӯ нигаронида шуда буд. Тамоми иншооти маишӣ ва иҷтимоӣ, хусусию давлатӣ бо иштироки ӯ ифтитоҳ мешавад ва бо ин тарзу усул раисиҷумҳур тавонист худро ба мардум муаррифӣ намояд. Мардуми содда дар маҳалҳо ба фарқи он намеравад, ки иншоот давлатӣ аст ё хусусӣ, муҳим барои мардум он аст, ки як кунҷи кишвар обод шуд. Мардум дар фикри он мешаванд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон набошад, чунин дастовардҳо низ ҷой нахоҳад дошт. Яъне, мардум ки аз сиёсати давлат фарсахҳо дуранд, ба дарки он намераванд, ки ин як қисми салоҳияти давлату президент аст. Бинобар ҳамин, бояд эътироф кунем, ки дар ин 20 сол мардум ба ғайр аз Раҳмон дигар сиёсатмадореро надид, эҳсос накард, ки мисли ӯ ҳамеша дар минбару корзори сиёсат бошад. Шояд ба ин роҳ надоданд, имкониятҳоро маҳдуд сохтанд, ки дар саҳнаи сиёсат шахсияти дигаре набошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бояд эътироф кунем, ки имрӯз мо сиёсатмадоре мисли Раҳмон надорем, ки аз кӯдаки гаҳвора то пири солхӯрда ӯро бишносад. Шояд ин як тарзи муборизаи ҳукумат буд. Шояд як рақобати носолим буд, лекин онҳо дар ин самт муваффақ шуд.”
“Озодагон”: Шумо аз рақобати носолим гуфтед. Тақрибан ду-се моҳи охир аз тариқи расонаҳои давлатӣ бештар аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолиф танқид ва ё дар иҷрои “корҳои бад” муттаҳам мешаванд. Чунин “рақобат” то куҷо дуруст аст?
Воҳидова: “Бале, мушоҳида мекунем, ки ҳукумат ба интихоботи президентии соли 2013 ду сол қабл тайёрӣ дидааст ва барои ноил гардидан ба ҳадафҳои худ пеш аз хама ҲНИТ-ро нишон гирифтааст. Ин далолат аз он мекунад, ки ҲХДТ ва ҳукумати кишвар дар симои ҲНИТ рақиби бузургро эҳсос менамоянд ва танҳо аз наҳзат дар тарс будаанд, ки худи онҳо инро ба намоиш гузоштанд. Яъне, ҳукумат эътироф кард, ки баъд аз ҲХДТ яке аз нерӯи бузургу таъсиррасон ҲНИТ аст. Мақомот борҳо ҲНИТ-ро ба ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам карда, аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба мардум ёдовар мешаванд. Раҳматилло Зойировро хиёнаткору ҷосуси Узбакистон эълон мекунанд. Дар кадом гӯшаю канори кишвар ҷинояти сангине содир шудааст, ҷинояткорро узви ҲНИТ эълон карданд. Ин роҳи нодуруст аст. Ин мубориза нест, ин сиёсати ифлос аст. Барои корҳои таблиғотӣ ҳамаи шева, тарзу усул қобили қабул аст ва муҳим он ки шахсияти номзадро муаррифӣ намоянд ва ба боварии интихобкунанда ноил гарданд. Аммо ҳамаи ин амал бояд бо риояи меъёри одобу ахлоқ, рақобати солим, эҳтироми шахсиятҳо ва дар доираи қонун сурат гирифта, таҳаммули рақибон нисбат ба якдигар нукоти асосӣ мебошад. Ҳар як амали бад, муттаҳамкунии беасос, бадномкунии якдигар омили муташанниҷ гардидани вазъ ва оқибати аксуламал (обратный эффект) мешавад.”
“Озодагон”: Дар бораи тасмими Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ойниҳол Бобоназароваро ба унвони номзад пешниҳод кард, чӣ фикр доред? Дар ҳоле ки бисёриҳо мегӯянд, номзадӣ ҳаққи Зоиров буд?
Воҳидова: “Аслан бояд қоил шуд, ки дар як вазъи ҳассос ду ҳизби мухолиф ва созмонҳои ҷамъиятию фаъолони ҷомеа тавонистанд, як иттиҳодияеро созмон диҳанд, ки мақсаду мароми онҳо мушаххас ва шаффоф аст. Месазад гӯем, ки ин ба Растохези охири солҳои 80-ум монанд буд, ки дар давраи Шӯравӣ ҷамъ шудани равшанфикрон басо кори мушкил буд. ИНИТ низ мисли ҳамон гурӯҳи равшанфикрон замоне ҳастӣ кард, ки кишвар дар вазъи сиёсие қарор дорад, ки як дастгоҳи бузурги ҳукуматӣ дилхоҳ тасмиму фикри рӯшоду мароми озодихоҳонро пахш мекунад ва сарҷамъ кардани чунин фикри мағзҳо худ як қаҳрамонист. Бале, ҷомеаи шаҳрвандӣ умед дошт, ки номзади ягонаи ИНИТ Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва ё Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ мешавад. Ғайриинтизор аз тарафи ИНИТ номзадии Бобоназарова пешниҳод гардид, ки ин боиси баҳсу мунозира ва ҳатто дашному таҳқирҳои тӯлонӣ шуд. Аммо вақт довар аст, бо гузашти вақти начандон зиёд ин мардум эҳсос кард, ки муҳим шахсияти номзад набуда, тағйири вазъ мебошад. Шояд ин тасмим дар оянда ҳосили худро диҳад, зеро ман итминони комил дорам, ки агар Кабирӣ ва Зойиров ба ҳайси номзад пешниҳод мегардиданд, онхо қурбони вазъи сиёсӣ мешуданд. Бинобар ҳамин, ин ягона роҳи дурусту солим буд.”
“Озодагон”: Шахсан Шумо ба кадоме аз номзадҳо овоз медиҳед? Имкон аст, ки ба номзадии Эмомалӣ Раҳмон овози худро дареғ надоред?
Воҳидова: “Чаро не? Ман ба дилхоҳ номзад раъйи худро медиҳам, агар барномаи воқеию амалишаванда дошта бошад, ки барои рӯзгори ободу як зиндагии орому муътадили мардум мусоидат намояд. Дар ҳафт соли оянда Тоҷикистон дар фасли сармо ба Торикистон табдил наёбад, мардум барқу газу об, хонаи гарму равшан дошта бошад. Дар асри 21 мардум бо кайҳон сари кор дорад, аммо дар хонаи тоҷик барқ нест. Мехоҳам, президент аз они мардум бошад. Раҳмон дар ин 20 сол президенти ман ва мардуми одӣ набуд. Ӯ президенти ҳукумат, вазирон, ҳокимон буд. Президент ба маҳалли зисти ман ташриф меорад, аммо роҳи маро мебанданд ва намемонанд, ки ман бо президентам вохӯрам. Ба ҷойи ман десантҳои худро аз Хатлону Зарафшон меоранд. Шояд гуфтание надорам, аммо орзуи аз наздик диданро дорам. Барои ҳамин, бисёр мехоҳам, ки мо дар ин 7 соли оянда президенте дошта бошем, ки бо мардум ва ҳамроҳи мардум бошад.”