Тоҷикистон 160 ҳазор зани соҳибкор дорад
Имрӯз, 2-юми октябр, дар шаҳри Душанбе, ҳангоми Анҷумани ҷумҳуриявии занони соҳибкор таҳти унвони "Бонуи соҳибкори Тоҷикистон: таҷриба, мушкилот, дурнамо", Кумитаи занон ва Кумитаи сармоягузорӣ занҳои фаъол дар иқтисодиётро бо ифтихорномаҳо сарфароз карданд.
Нигина Абдуллоева, муовини раиси Кумитаи сармоягузории Точикистон, зимни Анҷуман иброз дошт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 лоиҳа ва барномаҳои гуногун барои омӯзиши тиҷорати хурду миёна ва 200 ташкилоти ҷамьиятӣ дар доираи рушди занони соҳибкор фаъолият мекунанд.
Абдуллоева қайд кард, ки айни замон дарТоҷикистон 160 ҳазор нафар занон ба соҳибкорӣ машғуланд. Дар Анҷумани мазкур таъкид шудааст, ки барои соҳибкории занон теъдоди грантҳои президентӣ аз 40 ба 80 адад расонда шавад.