Рустами Эмомалӣ дар паҳлӯи падар. Роҳ ба сӯи сиёсати бузург?
Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки то кунун аҳён-аҳён дар робита ба бозии футбол дар телевизионҳо пайдо мешуд, ҳамакнун дар канори падараш бештару бештар рӯи экранҳо меояд.
Махсусан, дар лаҳзаҳои ифтитоҳи нақби “Чормағзак” (ҳоло “Хатлон”), ки рӯзи 1-уми октябр сурат гирифт, Рустам падараш Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекард. Ҳатто дар дохили мошине, ки Эмомалӣ Раҳмон меронду дар паҳлӯяш масъули ширкати “China Road” нишаста буд, Рустам низ ҳузур дошт.
Дар як акс аз ин маросим дидан мумкин аст, ки писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба лентабурии ӯ ҳам кумак мекунад, дар ҳоле ки раиси шаҳри Ваҳдат ва вазири нақлиёти Тоҷикистон аз онҳо хеле канортар истодаанд.
Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, иштироки якҷоя ва паҳлӯи ҳам истодани раисиҷумҳур бо писараш паёми хосе надорад. Ба гуфтаи ӯ, инро ҳатто намешавад оғози роҳи Рустами Эмомалӣ ба сӯи сиёсати бузург номид. Ба қавли Шарифзода, “ҳар як падару модар орзу дорад, ки дар лаҳзаҳои барояш муҳим фарзандаш дар паҳлӯи ӯ бошад. Барои Президент, мисли садҳо ҳазор мардуми Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи нақби “Чормағзак” рӯзи таърихӣ ва хотирмон буд.”
Аммо мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки бештар аз бист сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро ба даст дорад, дар ин замина назару пешбиниҳои дигаре доранд. Онҳо мегӯянд, эҳтимол оқои Раҳмон писари худро ба унвони ҷойнишини худ дар оянда омода ва аз ҳоло муаррифӣ мекунад.
Шокирҷони Ҳаким, доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, “дар баъзе давлатҳо чунин рафтор ишора ба он аст, ки кӣ вориси оянда хоҳад шуд”. Вале ба гуфтаи ӯ, “гумон намекунам, дар Тоҷикистон ин ҳолат ҷой дошта бошад. Дар ҳар сурат, вобаста ба натиҷаи интихоботи президентии 2013 ва интихоботи парлумонии 2015, шаҳрвандон раҳбари ояндаи худро интихоб хоҳанд кард. Ин ирода ва хоҳиши мардум аст, ки оё дар курсии президентӣ писари раисиҷумҳури ҳозираро дидан мехоҳанд, ё на.”
Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, таҷрибаи ҳузури раисиҷумҳури кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо писаронашон вуҷуд дорад. Вай аз таҷрибаи Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус ёдоварӣ намуд. “Лукашенко кӯшиш мекунад, дар маъракаҳои оммавӣ бо фарзанди хурдии худ бошад. Мазмуни чунин рафтори ӯ ин аст, ки ӯ падари намуна будан ва ба арзишҳои оилавӣ устувор буданашро нишон медиҳад.”
Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вай дар ин муддат бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намуд. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон, соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамзамон баъди роҳбарӣ дар Раёсати бахши мубориза бо қочоқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ айни ҳол ба мақоми муовини раиси Хадамоти гумрук таъин гардидааст. Рустами Эмомалӣ фарзанди дувуми президенти Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Озода Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло муовини вазири умури хориҷист. Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар - дорад.