Баҳси риояи этикаи журналистӣ дар Донишгоҳи миллӣ
Кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои баррасии риояи этика дар журналистикаи тоҷик конфронси ҷумҳуриявиеро баргузор мекунад.
Сангин Гулов, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин конфронс, таҳти унвони “Риояи меъёр ва принсипҳои байналхалқии этикаи касбии журналистӣ дар журналистикаи тоҷик” рӯзҳои 20 ва 21-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Гулов, дар ин конфронс ҷанбаҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон ва таҷрибаи кишварҳои дигар, риояи меъёр ва стандартҳои журналистикаи муосиру равандҳои муосири журналистӣ дар фаъолият ва касбияти ахлоқии журналистӣ баррасӣ ва муайян хоҳанд шуд: “Суханрониҳо дар доираи мавзуъҳое чун стандартҳои журналистикаи байналхалқӣ ва журналистикаи тоҷик, меъёрҳои этикаи касбии журналист, асноди миллӣ ва байналхалқии доир ба этикаи касбии журналист, дастрасӣ ба иттилоъ, қонуният ва воқеият, муаммоҳои ахлоқии фаъолияти журналист, ҳамрайъии касбӣ воситаи ташаккули журналистикаи босифат (касбӣ), нақши Шӯрои ВАО дар худтанзимкунии ВАО, риояи этикаи касбӣ дар ВАО-и Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.”
Ба иттилои манбаъ иштирокдорони ин конфронси ҷумҳуриявиро лозим меояд, то 25-уми октябри соли ҷорӣ матни суханронӣ ва ё мақолаи илмӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи компутарӣ бо зикри ном, дараҷаи илмӣ, ҷойи кор (ё таҳсил), вазифа ва суроғаю телефони худ ба унвони Кумитаи тадорукоти он ирсол намоянд.