Кумитаи амният мегӯяд, ҷазои сахт, пеши нашъаҷаллобонро нагирифтааст
Раёсати Кумитаи амнияти миллии вилояти Суғд мегӯяд, дар давоми 9 моҳи охири соли ҷорӣ аз тарафи кормандони ин ниҳод ҳудуди 400 килограм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, танҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар пайи гузаронидани як қатор амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 67,8 килограм маводи нашъадор мусодира карда шудааст, ки аз ин нишондод 26,8 килограм героин ва 40 килограму 918 грам гашиш мебошад.
Рӯзи 11-уми сентябр аз тарафи кормандони ин ниҳод якчанд ҳолатҳои интиқоли маводи мухаддир ошкор карда шудаанд, аз ҷумла як гуруҳи қочоқчиён, ки қасди интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Қирғизистонро доштанд: “Дар пайи як амалиёт дар шоҳроҳи “Хуҷанд-Конибодом” ду шаҳрванди Тоҷикистон Сайфуло Саидови 39-сола ва Бароталӣ Бегматови 38-сола, ки мехостанд 6 килою 894 грам героин ба Раҳматбой Тагаев шаҳрванди Қирғизистон фурӯшанд, дастгир шудаанд.”
Айни замон нисбат ба ин ҳолатҳои ошкоршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз ва тафтишоти пешакӣ давом дорад.
Раёсати Кумитаи амнияти миллии вилояти Суғд аз он иброзӣ нигаронӣ дорад, ки бархе аз шаҳрвандон бо вуҷуди сангин будани ҷазои қочоқи маводи мухаддир дубора даст ба ин ҷиноят мезананд.