Ордени “Шараф ва мардонагӣ” ба Олга Тутубалина
Бунёди “Честь и мужество”-и Санкт-Петербурги Русия Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”-ро, ки ахиран бо панҷ иттиҳодияи эҷодию илмии Тоҷикистон вориди як баҳси додгоҳӣ шудааст, бо ордени “Шараф ва мардонагӣ” сарфароз гардонд. Ин орден аз Санкт-Петербург ба дасти Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон расида, сипас ба хонум Тутубалина тақдим шудааст.
Ин орден дар ҳоле ба Олга Тутубалина дода мешавад, ки ӯ дар пайи нашри як матлаб дар бораи бозгашти шоири тоҷик Бозор Собир аз Амрико ба Ватан ба додгоҳ кашонда шуд. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомонии ӯро талаб намуданд.
Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Додгоҳи иқтисодии Душанбе, ки қаблан даъвои зиёиёнро ба далели русӣ будани матни он рад карда буд, рӯзи 10-уми октябр ба баррасии он идома хоҳад дод.