"Тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, аз Артиш озоданд"
Ҷавонон аз Тоҷикистону Туркманистон, ки дар Ватанашон хидмати ҳарбӣ кардаанду ба тозагӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия озоданд.
Дар ин бора ба хабаргузориҳо генерал майор Евгений Бурдинский, аз Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Русия хабар дода, афзудааст, ин меъёр танҳо ба шаҳрвандони тоҷику туркман дахл дорад.
Бурдинский шарҳ додааст, ки дар умум шаҳрвандоне, ки хидмати ҳарбиро дар дигар кишвар гузарондаанд, аз хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия озод намешаванд: “Аммо бо Туркманистону Тоҷикистон созишномаҳои байналмилалӣ дорем, ки муайян кардаанд, нафаре, ки дар ин кишварҳо хидмат кардааст, аз хидмати ҳарбӣ дар Русия озод аст.”