Чеченистон беҳтарин ҳофизони Қуръонро муайян мекунад
Дар Чеченистон озмуни Қуръонхонӣ баргузор мешавад.
Дар он наврасоне ҳаққи ширкат доранд, ки мактабҳои диннии ин кишварро хатм кардаанд. Бино ба иттилои торнамои “Ал-РТВ” хурдтарин иштирокчии озмун 9 сол дорад.
Тибқи қавоиди озмун ҳар иштирокчӣ бояд ба се савол аз таҷвид ва азёд донистани Қуръон ҷавоб бигӯяд.
Озмуни Қуръонхонӣ дар се давр гузаронда мешавад. Натиҷаҳои даври аввал 5-уми октябр, дар рӯзи мавлуди Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон маълум мегардад.
Се ғолиби мутлақи озмун бошад, баъди се моҳ маълум хоҳад шуд.