Арзонтарин палов дар пойтахти Туркманистон будааст
Оши палови арзонтарин миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон будааст,-хабар медиҳад торнамои mezon.uz.
Ин сомона, ки арзиши ғизо дар пойтахтҳои Осиёи Марказиро мониторинг кардааст, ба хулосае расида, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон паловро бо қимати гаронтар мефурухтаанд.
Ба иттилои манбаъ, 1 кило палов аз гӯшти гов дар Остона 12,1 доллар нарх дорад. Дар шаҳри Душанбе онро бо қиммати 10,8, дар Бишкек 10,7, дар Тошканд 9 ва дар Ашхобод 8,8 доллар мефурӯхтаанд.
Арзиши як кило палов аз гӯшти гусфанд бошад, дар Остона 11,5, дар Душанбе ва Тошканд 11,2, дар Бишкек ва Ашхобод 10,3 доллар будааст.