“Кишваре, ки ба худаш эҳтиром дорад, ин навъ санадҳоро ройгон имзо намекунад”
Тасвиби қарордоди Душанбеву Маскав дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст. Вакилони парлумони Тоҷикистон рӯзи якуми октябр, баъд аз таътили тобистона, кори худро бо тасвиби ин созишнома оғоз карданд, ки ҳузури низомиёни рус то соли 2042 дар хоки Тоҷикистонро таъмин мекунад.
Тарҳи ин созишнома ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои русаш Владимир Путин имзо шуда, танҳо 18-уми сентябри соли ҷорӣ ба парлумон ирсол шуд. Тасвиби ин созишнома дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ин гумонро ба вуҷуд оварда, ки оқои Раҳмон мехоҳад, дар ивази он аз Маскав барои идомаи ҳукуматаш пуштибонӣ бубинад.
Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷики муқими Лондон, иҷоза барои будубоши низомиёни рус то соли 2042 дар хоки Тоҷикистонро “ҷуз имзои санади ҳиффату хорию сарафкандагии Тоҷикистон” надонист. Ӯ гуфт, “ин ба он маъност, ки давлат ва миллати Тоҷикистон барои ҳудуди 30 соли дигар зери милаи туфанги Русия хоҳанд монд ва аз ҳеч истиқлоли тамомъайёр хабаре нахоҳад буд. Магар ин ки таҳаввуле сурат бигираду ин санади шармандагӣ худбахуд лағв шавад. Дар ғайри ин сурат, сиёсатҳои калони Тоҷикистон барои ҳудуди 30 соли дигар дар Кремлин тарҳрезӣ мешавад. Дар баробари имзои ин санади хорӣ кӯчактарин имтиёзе шомили ҳоли мардуми Тоҷикистон нашуд.”
Оқои Раҷабиён мегӯяд, ин гуна қарордодҳо дар порлумони кишварҳои дигар рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо баррасӣ мешаванд. Дар ҳоле ки вакилони парлумони Тоҷикистон бидуни баҳсу баррасии зиёд ин тарҳро қобили қабул дониста, ба тарафдорияш раъй доданд. “Кишварҳое, ки ба худ эҳтиром қоиланд, ин навъ санадҳоро ҳаргиз ба ройгон имзо накардаанд. Шояд танҳо имтиёзе, ки барои давлат ҳосил шуд, тазмини пуштибонии Путин аз Раҳмон дар, ба истилоҳ, интихоботи моҳи оянда буд”,-афзуд ӯ.
Аммо Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, бо ишора ба вазъи амниятии минтақа мегӯяд, Тоҷикистон ҷуз тасвиби ин қарордод чораи дигаре ҳам надошт. Ба қавли ӯ, “рад кардани ин масъала ба амният ва суботи кишвар таъсири манфӣ мерасонд.” Вале ин таҳлилгари тоҷик ҳам мегӯяд, агарчӣ дар ин шароит муносибат бо Русия барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, аммо бояд Душанбе дар ивази он имтиёзи хубтаре дарёфт мекард. “Бояд дипломатҳои кишвар талош мекарданд, то ҳадди ақал имтиёзҳое, ки Қирғизистон тавонист ба даст орад, ноил мегаштанд. Фарз кардем, ҳамин дар масъалаи таҷҳизоти артиши миллӣ Тоҷикистон бояд муваффақ мегардид”,-гуфт Парвиз Муллоҷонов.
Қарордод дар мавриди ҳузури низомиёни Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 миёни сокинон ҳам сарусадои зиёдеро ба бор овардааст. Аксари фаъолони ҷомеа бештар ба дахлнопазирии низомиёни рус, ки дар ин созишнома таъкид шудааст, вокуниш нишон дода, норизоӣ доранд. Вале Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати даст ба ҷиноят задан ҳарбиёни рус мутобиқи қонунгузории кишвар худ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд ва ин ҷои нигаронӣ надорад.
Пойгоҳи 201-и Русия бо тақрибан 7 ҳазор сарбозу афсар бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ дониста мешавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳузури низомиёни рус дар хоки кишвар ба манфиат буда, Душанбе дар иваз имтиёзҳое, аз қабили кумаки низомиро дарёфт хоҳад кард.