Боз дар бораи "Баҳористон". Ин дафъа қиссаи "лагер"-у Зайд Саидов
НӮФАРН-4,
барои “Озодагон”
Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон гузориши Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дар мавриди ноболиғи русе, ки гӯиё қурбони таҷовузи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик шудааст, ҳамчун “бозёфти нодир” бо тоҷикиву русӣ такрори ба такрор пахш мекунанд.
Ин гузоришро ба ҷуз аз телевизиони кӯдакон ва наврасон - “Баҳористон” ҳамаи се шабакаи давлатӣ (“Шабакаи аввал”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо”) манзур карданд. Шояд “Баҳористон” ҳам намоиш дод, вале ман надидам. Ростӣ, интизор доштам, шабакаи кӯдакон ва наврасон низ ин гузоришро начакондаву нарезонда пахш мекунад ва шояд чунин ҳам шавад, зеро одати телевизионҳои мост, ки такрори чунин гузоришҳоро дӯст медоранд.
Вақте аз нашри филми вижае бо номи “Пойбанди нафрат”, ки дар мавриди қатли бераҳмонаи як ноболиғ ва бачабозӣ суҳбат мешуд, тавассути “Баҳористон” нигаронӣ карданд, тавре интизор мерафт, афроде пайдо гардиданд, ки мегуфтанд, раҳбарияти ин шабакаи кӯдакона дуруст рафтор кардааст. Ба иддаои онҳо, бояд ба кӯдакон аз чунин ҷиноятҳо гуфт, то ҳушёр шаванд.
Зимнан, бо таваҷҷуҳ ба ҳарфҳои чунин “ҳимоягарон”-и раҳбарияти телевизиони “Баҳористон” гузориши оҷонсӣ низ барои кӯдакону наврасон аз манфиат холӣ набуд. Аввалан, “қаҳрамон”-и гузориши агентии зидди коррупсия ноболиғ буд, ки ба таъкиди таҳиягарони гузориш “баръало ба синни 14 нарасида буд” ва барномаҳои “Баҳористон” маҳз барои онҳо нигаронида шудааст. Дуюм, раҳбарияти шабака иддао мекарданд, ки гузориш барои он намоиш дода шуд, ки ноболиғон дигар ба доми ҳар нафаре, ки ба онҳо лагер ваъда мекунад (дар гузориши оҷонсӣ гуфта мешуд, ки Зайд Саидов ин русдухтари ноболиғро ҳамроҳи модараш лагер ваъда карда, аммо ба бӯстонсарояш мебарад ва таҷовуз мекунад), бовар накунанд...
“Далел”-ҳои дигарро барои ҷонибдорони Зевар Давлатова ва масъулини Кумитаи телевизион ва радио вомегузорем. Бигзор онҳо даҳҳо сабаби зарурати намоиш додани чунин барномаву гузоришҳоро таъкид намоянд. Чун суҳбат аз Зевар Давлатова рафт, дар навиштаи қаблӣ аллакай гуфта будам, ки ӯ дигар ҳамчун журналисти касбӣ барои ман арзише надорад. Ва тавре медонед, аз чунин афрод (онҳое ки ҳирфаӣ нестанд) ҳама чизро интизор шудан мумкин аст: аз намоиш додани барномаҳо дар бораи бачабозӣ (дар филми “Пойбанди нафрат”, ки шуруъ аз шоми 20-уми сентябр намоиш дода шуд, Сомон Муҳаббатови 20-сола мегуфт, моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт ба бадани Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола 10-12 кордча зада ва баъдан ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст. Ба ҷуз ин Муҳаббатов бархе аз устодонашро дар таҷовуз ба номуси худ ва бархе аз ҳамсабақонаш муттаҳам донист. Ӯ дар ин замина аз 4 нафар ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ бархеи онҳо имоматии баъзе аз масоҷиди панҷвақтаро бар дӯш дошта, баъзеяшон ҳам бекор будаанд) то ишқварзӣ (дар филм нақш бозидани як ё ду наврас ба маънии он нест, ки он барои кӯдакон бошад) ва ҷангу зӯр (ҳамин тариқ дар ин шабакаи кӯдакон ва наврасон филмҳое ба эфир мебарояд, ки дар онҳо латту кӯбу афту дарафт меҳваранд).
Аммо пеш аз хатми ин навишта як лаҳза баргардем ба гузориши Оҷонсӣ. Хеле аҷиб буд, вақте дар ин гузориш номи ҲНИТ ва муллоҳо гирифта нашуд. Чанд моҳи ахир он қадар ҲНИТ-у аъзояшро телевизионҳо бад карданд, ки ҳатто дар консертҳо низ одам баъзан фикр мекунад, ки ҳамин ҳоло аз ҲНИТ интиқод мешавад.
1. P.S. Шабакаҳои давлатӣ гузориши Оҷонсии зидди фасодро дар ҳоле намоиш доданд, ки парвандаи Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик муҳри махфӣ дорад. Ман-ку ҳуқуқшинос нестам, аммо ба гумонам бо парвандаҳои махфӣ чунин рафтор намекунанд. Гузашта аз ин, гузоришгарон Зайд Саидовро кундаланг дар таҷовузи ноболиғдухтари рус муттаҳам мекарданд, дар ҳоле ки танҳо додгоҳ ҳаққи гунаҳкор шинохтан ё нашинохтани муттаҳамшударо дорад.
2. P S. Хоҳиш мекунам, вақте шарҳ менависед, ба мантиқи ин навишта аҳамият диҳед, на ба шахсияти муаллиф ё исбот кардани он ки матлаб дар ҳеч қолаби жанрӣ мутобиқ нест. Дигар, Худо нигаҳбонатон!