YouTube ҷоизаи вижаи мусиқӣ таъсис доданист
Шабакаи YouTube эълон кардааст, ки ҷоизаи вижаи мусиқиеро бо номи YouTube Music Awards созмон медиҳад.
Дар торнамои расмии YouTube гуфта мешавад, ки ҳамагӣ шаш мусиқанавоз ё гуруҳҳои эҷодӣ барандаи ин ҷоиза хоҳанд шуд, аммо намояндаҳои шабака изҳор доштаанд, номинатсияҳоро баъдтар эълом мекунанд.
Намоиши мустақими консерти бузургеро, ки дар ҷараёни он исми аввалин ғолибон ҷоиза эълон мешавад, YouTube 3-юми ноябри соли 2013 манзур мекунад. Дар ин консерт ситораҳои мусиқӣ, аз қабили Леди Гага, Эминем ва Arcade Fire ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Шабакаи YouTube соли 2005 фаъол шуд. Дар ҳоли ҳозир аудиторияи якмоҳаи он наздики як миллиард нафар гуфта мешавад. Бино ба маълумоти ComScore, ҳудуди 40 дар сади истифодабарандагони YouTube клипҳои мусиқиро тамошо мекунанд.