Сургут: Марги як нафар дар “разбор”-и тоҷику доғистониҳо
Раёсати умури дохилии шаҳри Сургут мегӯяд, дар пайи амалиёте ба иттиҳоми куштори як доғистонӣ, шаҳрванди Тоҷикистон -- Норов.И. (соли таваллудаш 1993) боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин куштор шаби 29-уми сентябр зимни муноқишаи зодагони Тоҷикистону Доғистон дар назди қаҳвахонаи “Радуга” содир шудааст. Инчунин, зимни ин муноқиша як доғистонии дигар ҷароҳат бардоштааст.
Файзулло Аминов, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Сургут, дар шарҳи ҳодиса ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, шаҳрвандони Доғистон вориди қаҳвахона шуда, бе асос ба таҳқири ҳозирин оғоз кардаанд: “Тавре соҳиби қаҳвахона нақл мекунад, тоҷиконе, ки дар қаҳвахона ҳузур доштанд, бо доғистониҳо вориди муноқиша шуда, ба берун баромадаанд. Дар натиҷа ин ҳодиса сар задааст.”
Аминов гуфтааст, то ҳол ягон талоши доғистониҳо барои интиқомгирӣ дар Сургут сабт нашудааст. Дар ҷамъияти доғистониҳои Сургут низ изҳор доштаанд, ки талош мекунанд барои интиқомгирӣ ва идомаи ин муноқишаҳо роҳ надиҳанд.