Сӯиқасд ба ҷони духтари 20-солаи тоҷик дар ҳуҷраи хоб
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаби 28-уми сентябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба ҷони як духтари 20-сола сӯиқасд содир шудааст.
Тавре аз ВКД иттилоъ доданд, ба мақомоти пулис Муҳиддинова Ҳотамбӣ, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 28-уми сентябри соли равон, тахминан соати 00:20 дақиқа, шахси номаълум бо воситаи тиреза вориди ҳуҷраи хоби духтараш Муҳиддинова Шабнам Муродбековна, соли таваллудаш 1993, даромада ӯро бо корди хоҷагии дар дасташ буда, ҳашт маротиба задааст: “Дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.”
Ба иттилои манбаъ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, Олимов Сайҷафар Умарович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Қумсангир дастгир карда шуд. Ба иттилои мақомоти пулис ҷинояти мазкур, аз сабаби хусумати шахсӣ содир карда шудааст.
ВКД мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.