Раҳмон номи нақби “Чормағзак”-ро ба "Хатлон" тағйир дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 1-уми октябр, нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма-сарҳади Чин бунёд ёфтааст, расман ифтитоҳ намуд.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба нуқтаи идораи нақб ворид шудааст, ки аз ин ҷо ҳаракати мошинҳо аз ду самт, кори шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ҳавокашӣ, зиддисӯхторӣ ва ғайра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти навтарини дигар назорат ва идора карда мешавад.
Инчунин ба иттилои манбаъ нахустин шуда, аз нақби “Чормағзак” қатори мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон убур намуда, нақбро мавриди истифодаи умум қарор дод. Ба иттилои хадамоти матбуоти раисиҷумҳур ин нақб бо харҷи беш аз 300 миллион сомонӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара сохта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии тантанавӣ дар шаҳри Норак, таъкид кардааст, ки акнун масофаи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб нисбат ба шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб 100 км кӯтоҳ шуд ва амнияти ҳаракат низ беҳбудӣ ёфт.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин нақби навбунёд ба хотири гиромидошти яке аз қадимтарин воҳидҳои ҷуғрофии сарзамини аҷдодиамон - Хатлон номгузорӣ шавад. Инчунин Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор бунёдкорони ин нақби мошингард, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Чинанд ордену медалҳо тақдим кардааст.