Парлумон розӣ шуд, пойгоҳи Русия то соли 2042 боқӣ бимонад
Вакилони Маҷлиси Намояндагон баъд аз таътили тобистона рӯзи якуми октябр ба кори худ оғоз намуда, қарордоди Душанбеву Маскав дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-и Русия то соли 2042-ро баррасӣ ва тасвиб карданд. Аз 59 вакиле, ки рӯзи 1-уми октябр дар толори Маҷлиси Намояндагон ҳузур доштанд, 57 нафар ба тарафдории он райъ доданд.
Ин тарҳи созишномаро, ки 18-уми сентябр аз сӯи президент Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон пешниҳод шуда буд, Шералӣ Хайруллоев -- вазири дифои Тоҷикистон муаррифӣ кард. Ӯ гуфт, дар пайи тасвиби ин тарҳи созишнома Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти бе боҷи маҳсулоти нафтӣ, сохтмони нерӯгоҳи хурду миёна ва амнияти будубоши шаҳрвандонаш дар Русия манфиат хоҳад дид. Ин аст, ки оқои Хайруллоев тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро аз манфиат холӣ надонист ва аз вакилон хост, бетафовут набошанд.
Масъалаи тасвиби қарордоди миёни Душанбеву Маскав дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 бештар аз як сол боз мавриди баҳси расонаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ва сокинони одӣ қарор дорад. Вале вақте Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, аз вакилон хост, агар суоле ё пешниҳоде дошта бошанд, бигӯянд, аксари вакилон дар ҷавоб кафкӯбӣ карда, тасвиби бидуни баҳси онро дар миён гузоштанд.
Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон, аз ҳамтоёни худ хоҳиш кард, ба тарафдории ин созишнома, ки тарҳи он соли гузашта аз тарафи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст, овоз диҳанд. “Чун манфиати сиёсӣ дорад”,-гуфт ӯ. Номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков ҳам гуфт, тарафдорӣ аз созишномаи мазкур ба манфиати давлат буда, “бояд ин созишнома бидуни шубҳаву гумон қабул шавад.”
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумон, ҳам суханронӣ карда ва аз ҷумла гуфт, “аз нигоҳи мо Тоҷикистон ба унвони як кишвари соҳибистиқлол бояд мустақилияти худро ҳифз карда, қудрати таъмини амниятро дошта бошад. Аммо воқеият ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба баъзе хатарҳои минтақаӣ шояд мо амнияти худро таъмин накарда бошем. Агар чунин таҳдид бошад, пас, фикр мекунам, мо маҷбурем интихоб кунем, ки яке аз кишварҳои қудратманд бояд дар Тоҷикистон пойгоҳ дошта бошад. Шояд Русия интихоби дуруст аст, бо дарназардошти таърихи ҳамкорӣ ва муҳоҷирон.”
Бо ин ҳам оқои Кабирӣ гуфт, онҳо бисёр мехоҳанд ва тарафдори онанд, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари мустақил бояд амнияташро тамъин кардаву дастнигари касе набошад. “Илова бар ин, вақте ба ин монанд созишнома матраҳ ва ё баррасӣ мешавад, бояд ҳамаи мардум иттилои кофӣ дошта бошанд. Бахусус дар созишномаи мазкур, ки чӣ шарту шароит буд ва Тоҷикистон чӣ бурду чӣ манфиат дошт, мо намедонем”,-афзуд ӯ.
Созишнома дар бораи будубоши 30-солаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардида буд. Пойгоҳи 201-и Русия бо тақрибан 7 ҳазор сарбозу афсар бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ дониста мешавад. Бар пояи созишномае, ки ҳамакнун барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон ироа шудааст, замони ҳузури ин пойгоҳ ба камияш то соли 2042 тамдид хоҳад шуд.