Парлумон созишномаи муҳоҷират бо Русияро тасвиб кард
Парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 1-уми октябр, созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро бо тарафдории 57 вакил ба тасвиб расонд.
Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки созишномаро муаррифӣ мекард, изҳор дошт, ки тибқи ин созишнома муҳлати ҳузури беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон аз 7 то ба 15 рӯз тамдид мешавад, ки ба манфиати Тоҷикистон аст.
Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон бо зикри таҷрибаи кишварҳои дигари ИДМ ва барои Тоҷикистон манфиатовар будани ин созишнома, аз Девонаев суол кард, ки намешуд, муҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия аз 15 рӯз ҳам бештар кунем. Дар посух раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин 15 рӯзро ҳам Русия танҳо бо дахолат ва сиёсати президенти Тоҷикистон қоил шудааст. Девонаев гуфт, аксари шаҳрвандони кишварҳои ИДМ танҳо ҳафт рӯз ҳақ доранд, ки бе сабти расмӣ дар қаламрави Русия қарор дошта бошанд.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Қирғизистон ҳақ доранд, то 60 рӯз бесабт дар Русия ҳузур дошта бошанд. Созишнома, ки яке аз тавофуқоти Путину Раҳмон, дар моҳи октябри соли 2012 буд, ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия сабукиҳо, аз ҷумла ҳақ медиҳад, ки давоми 15 рӯз бе қайд дар қаламрави Русия ҳузур дошта бошанд.