Ҳушдори Воҳидова аз таҳдид ба ҷони шоҳидон дар зиндони Хуҷанд
Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев, як маҳбус, ки дар пахши итилои бардуруғ оиди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон муттаҳам мешавад, имрӯз,1-уми октябр бо пахши як изҳорот бори дигар аз латукуб ва зери шиканҷа қарор гирифтани маҳбусоне, ки аз маҳбасхонаи № 1-и Душанбе ба маҳбасхонаи № 2-и Хуҷанд интиқол ёфтаанд, хабар дод.
Воҳидова мегӯяд, баъди чор рӯзи танаффус, имрӯз, 1 октябр мурофиаи додгоҳии Садриддин Тошев оғоз хоҳад шуд. Ӯ меафзояд, ки “дар ин 4 рӯз аз шоҳидони парванда аз дохили муассиса даҳҳо хабару муроҷиатҳо расид, ки ҳаёт ва саломатии шоҳидон-маҳбусон дар хатар аст. Баъди он, ки шоҳидон асли ҳодисаро ифшо намуданд ва бар муқобили сардори муассиса ва масъулини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нишондод дода, исбот карданд, ки ҳамаи онҳо мавриди шиканҷа ва латукуби шадид қарор гирифта буданд, дар муассиса нисбати шоҳидон амалҳои ғайриқонунӣ раво дида шуда, ҳоло барои ҷойгир кардани онҳо дар утоқи ҷаримавӣ замина фароҳам карда истодаанд».
Файзинисо Воҳидова, зикр кард, ки Ҳамза Икромзода, маҳбуси зиндони Душанбе, маҳз дар утоқи ҷаримавӣ мавриди латукуб қарор гирифта, ба марг расонида шуда буд.
Ин вакили дифоъ бо таъкиди таҳдид ба ҷони маҳбусон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои дифои ҳуқуқи башар хостааст, ба ин қазия расидагӣ кунанд, чун ба гуфтаи ӯ дар акси ҳол имкон дорад, рӯзҳои наздик руйхати қурбониёни шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон бештар шавад.
Садриддин Тошеву Сунатулло Ризоев тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Ин парвандаи онҳо баъд аз он ифтитоҳ шуд, ки дар Интернет навори видеоие дар бораи шиканҷаи зиндониёне, ки аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шуданд, пайдо ва бо вокунишҳо рӯбарӯ гардид. Мақомот мегӯянд, Тошеву Ризоев ин навори сохтаро паҳн кардаанд.