Таҷҳизоти барқии офтобӣ ба аҳолии кӯҳистон ҳамчун кӯмак тақсим мешавад
Беш аз 2 ҳазор маҷмўи таҷҳизоти барқии офтобиро аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид кардаанд.
Ин фанноварии муосир, ки имкони истеҳсоли қувваи барқро доранд, ҳамчун кўмак ба аҳолии минтақаҳои кӯҳистони кишвар тақсим карда мешаванд.
Ба иттиллои вазорати энергетика ва саноат, як маҷмўаи таҷҳизоти барқии офтобӣ иқтидори 30 Вт-ро дошта, аснои насб гардидан қувваи он боз зиёдтар мегардад. Аз ин намуди таҷҳизот 85 адад дар манзилҳои истиқоматии сокинони минтақаи Яғноб насб намудаанд. Дар назар аст рўзҳои наздик таҷҳизоти барқии офтобӣ 100 адад ба сокинони ноҳияи Балҷуувон, 100 адад ба ноҳияи Ховалинг ва 1, 5 ҳазор ба сокинони ВМКБ дастрас хоҳанд шуд. Боқимондааш боз ба дигар навоҳии кишвар фиристода мешаванд. Чунин таҷҳизоти барқи офтобӣ бо ташаббуси президент ва дар доираи ҳамкориҳои вазорати энергетика ва саноат бо кишварҳои хориҷа ба муносибати 20- солагии истиқлолияти миллии Тоҷикистон ворид гардидаанд, афзуд манбаъ. {jathumbnail off}