Тамоюли узбакону тоҷикҳо ба шиносномаи қирғизӣ
Хоҳиши ба дастовардани шаҳрвандии Қирғизистонро аз ҳама бештар тоҷикону узбакҳо доштаанд.
Нурбек Қосимбеков, котиби масъули Комиссия оид ба масоили шаҳрвандии назди президенти Қирғизистон мегӯяд, дар дамои 18 соли охир беш аз 50 ҳазор нафар шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд, ки аксарияти онҳо атбои Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд.
“Шуруъ аз соли 1995 шаҳрвандии Қирғизистонро 50 ҳазору 378 нафар аз атбои хориҷӣ ё шаҳрвандони бетабаият ба даст овардаанд. Қисамати асосии ин нишондодро шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ташкил медиҳанд.”- гуфтааст, Қосимбеков.
Инчунин ба гуфтаи номбурда дар давоми 8 соли охир 107 табааи Чин ба шаҳрвандии Қирғизистон қабул карда шудаааст. Дар давоми се соли охир бошад 13 ҳазору 414 нафар, ки аз ин нишондод 11 ҳазору 534 нафар қирғизтаборон мебошанд, табаияти Қирғизистонро ба даст овардаанд.