Боздошти шаҳрвандони Камеруну Гвинея барои таҳияи долларҳои қалбакӣ
Мақомоти амниятии Тоҷикистон се шаҳрванди Камерун ва як сокини Гвинеяро боздошт кардаанд, ки дар Хуҷанду Душанбе машғули таҳияи долларҳои қалбакӣ будаанд.
Ба қавли онҳо, ин афрод худро шаҳрвандони Фаронса муаррифӣ карда, қасд доштаанд, ҳудуди як ё ду миллион доллари қалбакиро омода ва ба бозор бароранд. Кумитаи амнияти миллӣ бо нашри иттилоияе гуфт, ин афрод узви гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ буда, то ин ки ба Тоҷикистон биёянд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштаанд.
“Идораҳои дахлдори Тоҷикистонро мебоист ҳангоми судури раводид ба чунин афрод, ки аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ маҳсуб гардида, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, тартибу қоидаҳои мавҷудаи санадҳои меъёриро риоя намоянд”,-омадааст дар иттилоияи Кумитаи амният.
Ба қавли мақомот, ин афрод бо истифода аз доруворӣ ва коғазҳои махсус аз 1 банкноти доллари ҳақиқӣ 2 адади қалбакии онро омода мекардаанд: “Онҳо ният доштанд, бо баҳонаи таҳияи асъори қалбакӣ маблағҳои калони пулиро аз шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт намуда, сипас ҳудуди ҷумҳуриро тарк кунанд.”