Режими саҳюнистӣ ва Арабистон бозандагони аслии наздикии Теҳрон – Вашингтон
Як сиёсатмадори ироқӣ бо ишора ба ин ки режими саҳюнистӣ ва Арабистон бозандагони аслии наздикшавии Теҳрон - Вашингтон хоҳанд буд, гуфт, бар ин бовар аст Телавив даст ба ҳар иқдоме барои муқобила бо ин наздикшавӣ, ҳатто иқдоми низомӣ алайҳи Эрон мезанад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Бағдод, ба назар мерасад сиёсати хориҷии ҷадиде, ки ҷумҳурии исломӣ Эрон дар ростои беҳбуди равобити худ бо бештари кишварҳои ҷаҳон, ба хусус Амрико пеш гирифт, хушоянди Арабистон саъудӣ ва режими саҳюнистӣ нест.
Дар ин хусу Саъд Алматлабӣ, сиёсатмадори ироқӣ, иқдоми режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи низомӣ ба Ҷумҳурии исломии Эронро бо ҳадафи шикастани раванди музокирот ва эҷоди буҳронии ҷадид дар минтақа, дур аз интизор намедонад.
Алматлабӣ бо баёни ин ки Ироқ имрӯз нақши муҳиме дар наздик кардани дидгоҳҳои давлати Амрико ва Ҷумҳурии исломии Эрон дорад, гуфт: ин талошҳо, ба хусус бо тағйироте, ки дар сиёсати хориҷии Теҳрон руй дода, натоиҷи мусбати худро ба зудӣ ошкор хоҳад сохт.
Вай шарҳ дод: авзоъи сиёсии кунунӣ барои таҳқиқи ҳадафи Эрон дар ғанисозии уран барои аҳдофи мусолиматомез, муҳаё ва фароҳам аст ва ба таври ҳамзамон низ саҳфаи тозае барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва бардошта шудани таҳримҳо аз Эрон, боз шуда аст.
Дар хусуси талоши режими саҳюнистӣ ва Арабистони Саъудӣ барои бо шикаст ру ба ру кардани музокироти Теҳрон -Вашингтон, Алматлабӣ гуфт: бидуни шак дар ҳар гуна наздикӣ ва ҳалли мушкилот миёни Эрон ва Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистони саъудӣ бузургтарин бозанда хоҳанд буд ва Риёз ва Телавив талош хоҳанд кард монеаҳое бар сари роҳи ин наздикӣ ба вуҷуд оваранд.
Ин сиёсатмадори ироқӣ бо баёни ин ки аз эҳтимол дур намедонад, Исроил ба ҳадафи бозгардондани ихтилофҳо ба минтақа, алайҳи Эрон даст ба ҳаракати низомӣ занад, гуфт: сиёсати ҳакимонаи Эрон ҳамакнун ба суи оромиш дар ҳаркат аст, аммо бешак душманони Эрон барои ноком кардани ҳалли мушкилот дар минтақа, дасиса хоҳанд кард.