Норизоиятии ЮНИСЕФ аз пахши “Пойбанди нафрат”
Дафтари ЮНИСЕФ, Бунёди кӯдакони Созмони Милал, дар Тоҷикистон аз расонаҳои кишвар даъват кардааст, ҳангоми таҳияи гузориш ва пахши барномаҳое, ки марбут ба кӯдакон мебошад, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Ин созмон мегӯяд, намоиши барномаҳое ба мисли “Пойбанди нафрат” тариқи шабакаи телевизионӣ, аз ҷумла “Баҳористон”, ки махсус барои наврасони аз 3 то 16-сола роҳандозӣ шудааст, хилофи усулҳои ахлоқии инъикос намудани масоили марбут ба кӯдакон мебошад. Ин филми вижа дар бораи куштори Қиёмиддини ҳаштсола аз сӯи Сомон Муҳаббатов нақл мекунад. Дар ин навор гуфта шуд, ки Сомон бо задани даҳ-дувоздаҳ кордча ба пушти Қиёмиддин ӯро куштаву баъдан ба номусаш таҷовуз намудааст.
“Тавлиди матолиб барои кӯдакон ё дар бораи онҳо, бахусус барномаҳои телевизионӣ аз журналист равиши бодиққатеро талаб намуда, инчунин эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҷониби ҷабрдидаро низ тақозо мекунад”,-омадааст дар изҳороти ЮНИСЕФ. Ба қавли масъулони ин созмон, барномаҳое, ки муҳтавояшон ба рушду нумӯи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад, набояд аз тариқи шабакаи телевизионии махсус барои кӯдакон роҳандозишуда ба намоиш гузошта шавад.
Ин созмон илова кардааст, ҳарчанд мардум ҳақ доранд, барои иттилооти марбут ба мушкилоти худ дастрасӣ дошта бошанд. Вале ҳангоми пӯшиши онҳо бояд маҳдудиятҳои ахлоқӣ низ ба инобат гирифта шавад. Ба гуфтаи ЮНИСЕФ, яке аз ин маҳдудиятҳо ин масоили марбут ба кӯдакон мебошад: "Зеро инъикоси масоили вобаста ба наврасони синашон аз 18 поин хусусиятҳои вижаи худро дорад."
Меъёрҳои этикии инъикоси масоили марбут ба кӯдакон ва наврасони синашон то 18 дар Конвенсияи оид ба ҳуқуқи кӯдакон баррасӣ шудаааст, ки ба гуфтаи ин созмон метавонад барои намояндагони ВАО ҳангоми инъикос ва омода кардани матолиби бачагона кӯмак кунад. Ин даструламал барои кумак ба беҳтарин хабарнигорони дар доираи ахлоқӣ амалкунанда пешбинӣ шудааст: “Хидмат ба хотири манофеи аҳолӣ дур аз поймол намудани ҳуқуқи кӯдакон.”