“Оқохон дар мавриди UCA-и Хоруғ бо ҳукумат мушкиле надорад”
Богдан Кравченко, мудири кулли Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) мавҷудияти мушкилот миёни Бунёди Оқохон ва ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди бунёди донишгоҳи байналмилалӣ дар Хоруғро беасос хонд.
Кравченко, ки дар ҳошияи маросими оғози сохтумони шаҳраки донишҷуёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, охири ҳафтаи гузашта, дар шаҳри Нарини Қирғизистон, бо хабарнигори “Озодагон” суҳбат мекард, таъкид намуд, бо ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди сохтумони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ мушкиле надоранд.
Ӯ дар шарҳи таъхири бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, ки ҳанӯз хишти аввалаш соли 2004-ум гузошта шудааст, афзуд: «Аз се кишвар - Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, ки мо бунёди чунин шаҳаракҳои донишҷӯёнро ба нақша гирифтаем, маблағи аз ҳама калон дар шаҳраки донишҷуёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғи Бадахшон сарф мешавад. Он ҷо ҳоло қитъаҳои замин барои марҳилаи аввали сохтумон омода шуда истодаанд.Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда шаҳраки донишҷуёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ соли 2017 пурра сохта ба истифода дода мешавад. Мо дар ин маврид бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳеч мушкиле надорем.»
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Богдан баъд аз се сол дар қитъаҳои ҷудошудаи замин дар Нарини Қирғизистон низ, шаҳраки донишҷуён, биноҳои таълимӣ ва истиқоматӣ барпо хоҳанд шуд. Ба гуфти номбурда аввалин хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2021 онро хатм хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар се кишвари минтақа бо маблағгузории Бунёди Оқохон амалӣ мешаванд.