Эълони натиҷаҳои аввалияи ташхиси Роғун аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ
Бонки Ҷаҳонӣ шакли мухтасари натиҷаҳои аввалия ё ибтидоии ташхиси фаннӣ ва иқтисодии тарҳи нерӯгоҳи Роғунро нашр кардааст. Ин ташхис аз сӯи Консорсиюми байналмилалӣ зери роҳбарии ширкати фаронсавии “Coyne et Bellier Consultinq Engineers” ва бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ анҷом шудааст.
Ин омӯзиши марҳилаи аввал буда, ҳадафи он баҳогузории иншооти мавҷуда дар Роғун аст. Дар натиҷаҳои омӯзиш гуфта мешавад, онҳо аллакай бо ҳукумати Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд ва шакли ниҳоияшон баъд аз шунидани назари ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул хоҳад шуд.
Дар натиҷаи аввалияи ташхиси фаннию иқтисодии Роғун гуфта мешавад, ки роҳҳои атрофи ин нерӯгоҳ дар вазъи хуб қарор доранд ва дастрасии осони коргару таҷҳизотро ба майдони сохтмонӣ таъмин мекунанд. Дар натиҷаҳои омӯзиш гуфта мешавад, дар нақбҳои ҳанӯз 30 сол пеш сохта баъзе камбудҳое ёфт шуданд, ки бояд ислоҳ гарданд.
Коршиносони байналмилалӣ бо зикри ҷузъиёти камбудиҳои дарёфта дар маҳалли сохтмони Роғун таъкид мекунанд, онҳо баъд аз ислоҳашон дар маҷмуъ ба бехатарии нерӯгоҳ таъсире надоранд. Аммо ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, ислоҳи камбудиҳое, ки дар хулосаи омӯзиш зикр шудаанд, метавонанд ба таври назаррас амнияту устувории лоиҳаро беҳтар кунанд. Аз ҷумла коршиносон васеътар кардани иншооти нақбии мавҷударо маслиҳат медиҳанд.
Дар мавриди маблағе, ки то имрӯз барои “Роғун” сарф шудааст, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, он бо назардошти нархҳои ҳозира муайян шудааст, вале аз ифшои он худдорӣ кардаанд.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, дар натиҷаи санҷишҳо муайян кардаанд, қисми бузурги таҷҳизоти электромеханикие, ки барои ба кор даровардани марҳилаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” заруранд, аллакай насб шудаанд ё дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор доранд: “Дар мавриди таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ то ҳол ду агрегати Роғун аллакай ба Тоҷикистон дастрас шудаанд ва дар қаламрави ин кишвар нигоҳдорӣ мешаванд. Ду турбинаи комилан тайёри “Роғун” ҳам дар Тоҷикистон қарор дорад. Аммо то ҳол фақат як генератори нерӯгоҳ ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.”
Дар гузориш таъкид мешавад, “бо вуҷуди он ки агрегатҳо давоми 20 сол дар Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд, дар маҷмуъ ҳолаташон хуб ва коршоям ҳастанд, ҳарчанд имкон дорад, баъзе қисмҳояшонро иваз намуд."
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозигии Узбакистони ҳамсоя шудааст, тибқи лоиҳаи қаблии Роғун 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд. Омўзиши дубораи техникӣ – иқтисодии тарҳи Роғун зери пофишориҳои Узбакистон ва бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ ҷараён дорад.