Ба мо маслиҳат медиҳанд, ки сукут кунем. Чаро?
Вақтҳои охир “дӯстонамон” ва нафарони хайрхоҳе аз мо хоҳиш мекунанд, ки аксари мавзӯъҳоро нодида бигирем ва ё сукутро ихтиёр кунем. Дар Тоҷикистони мо сукут ба ду маъност: Яке тарс, дигаре розӣ будан ба масъала.
Дар чанд рӯзи охир тавассути почтаи электронӣ мактубҳои таҳқиромез қабул кардам, ки дар ҳамааш таҳдид, ҳушдор ва ҳатто пешниҳодҳо буд. Дар яке аз ин номаҳо омада, ки “одами оқил дар ин вақт сукут мекунад. Чӣ ҳашт миллион нафар чен (баробар)-и Шумо намефаҳмад, ё савод надорад?!”
Мегӯянд, ҷавониятро ҳайф мекунӣ, ба гапи дигарон гӯш надеҳ, онҳое, ки Шуморо идора мекунанд, аҳримананд ва хоини миллату ватананд. Гоҳе ба нафаре рабт медиҳанд, гоҳе ба гуруҳе. Аҷабо онҳо намефаҳманд, ки ҳашт миллион нафар журналист нестанд, деҳқонанд, табибанд, омӯзгоранд, ошпазанд, хуллас ҳар кадом вазифаи хосеро анҷом медиҳанд. Онҳое ҳам, ки даст ба таҳдиду таҳқиру тӯҳмат мезананд, онҳо низ вазифаи муайяни худро доранд.
Журналисте, ки сукутро ихтиёр кард, ӯ дигар журналист нест. Бояд тағйири касб кунад ва биравад дунболи кори дигар. Агар тарс аз ҷавонӣ ва ё марг бошаду мо эҳтиёт кунем, пас, бояд бидонем, ки ҳазорон ҷавон бидуни кадом андеша ё муборизаи сиёсӣ дар садамаи автомобилӣ, беморӣ, шиноварӣ ва ё дар муҳоҷирати корӣ зери сементу хишт ҷон бохтанд.
Мо-ку касеро таҳқир ё шаъну шарафашро паст назадаем. Агар масъала муҳим буд, гуфтем, ки ин андеша ғалат аст. Агар андешаи мо ғалат буд, пас, майдон васеъ аст. На бо роҳи бад кардану фишор овардан ё тӯҳмату таҳқир, балки бо роҳи ҷавонмардӣ ва бо андешаи солим бигӯем: бародар ё додар ин андешаатон ғалат ва қобили қабул нест.
Дар Тоҷикистон як афкори ғалате шакл гирифтааст, ки агар ҷое аз Исломи ноб пуштибонӣ кардӣ, гӯиё ту аз Тӯраҷонзодаҳо ё ҲНИТ пуштибонӣ дорӣ ва ё баръакс агар инҳо танқид шуданд, гӯиё ту аз ҳукумат пуштибонӣ дорӣ. Ҳар касе, ки камбудӣ кард, бигӯем, хоҳ он Тӯраҷонзода аст, ё ҲНИТ ва ё ҳукумату Шӯрои уламо. Ҳеч кадоме аз инҳо барои ман меҳвар нестанд, меҳвар ин ҳақиқат аст. Ҳақиқатро бидуни таҳриф ё паст задани ҷониби дигар бояд гуфт.
Адолат ин аст, ки ба ҳамаи ҷонибҳо барои ибрози андеша шароит фароҳам биоварем. Миллатро ба худиву бегона салафиву ҳанафиву дигару дигар ҷудо набояд кард. Касе мунофиқ шуд, ӯро чунин мегӯянд, ҷои озурдагӣ ҳам нест.
Агар дар пеши ноадолатӣ ва ё ноҳаққӣ сукут ихтиёр кардем, андешаи ғалатеро дидаву дониста посух нагуфтем ва ба хотири кадом манфиате ҳақиқатро таҳриф кардем, пас, мо ҷавоби онро рӯзе хоҳем дод. Хоҳ ҷавон аст, хоҳ наврас ва ё шахси калонсол барои тақдир ва ҳалли сарнавишти худ бояд талош кунад! Бояд ба ҷавонон ҷавонмардӣ, сарбаландӣ ва афкори пешрафта дар кору зиндагиро омӯзанд. Моро дар рӯҳияи тарсончакӣ, шахсиятпарастӣ, порагирӣ, дуздӣ ва хиёнат дар мансабу идораи миллату давлат тарбия накунед, мӯҳтарам рӯшанфикрон, роҳбарон, андешамандон, соҳибназарон, коршиносон, падару модарон, зиёиён ва ҳомиёни миллат.
Далер ШАРИФОВ,
журналист
PS: Навиштаи муаллиф назари шахсии худи ӯст.