Даллол аз фурӯши як зан 29 000 сомонӣ фоида гирифтааст
Моҳбону Муминова, як сокини шаҳри Чкалов бо иттиҳоми хариду фурӯши занон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ боздошт шуд.
Номбурдаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни баргузор намудани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.
Тафтишоти муқаддамотӣ мушаххас намудааст, ки Маҳинбонуи 27- сола бо маслиҳати пешакӣ бо апааш Мавҷуда Муминова аввалҳои моҳи марти соли 2009 Матлуба Толибоваи 25 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъро бо роҳи фиреб ба шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи Араб бурда, 1 моҳу 10 рӯз ба муносибатҳои шаҳвонӣ бо шаҳрвандони миллаташон гуногун маҷбур карда, барои ин амали ҷиноӣ 29 000 сомонӣ ба даст овардааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}