Волейболбозони рус бори нахуст қаҳрамони Аврупо шуданд
Тими миллии мардонаи Русия оид ба волейбол бори нахуст дар таърих унвони қаҳрамонии Аврупоро ба худ ихтисос дод.
Рӯзи якшанбеи 29-уми сентябр дар даври ниҳойии сабқати волейбол, ки дар Копенгаген баргузор шуд, мунтахаби Русия тими миллии Италияро бо ҳисоби 3:1 (25:20, 25:22, 22:25, 25:17) мағлуб кард.
Бузургтарин дастоварди тими миллии мардонаи Русия оид ба волейбол то ин вақт дар мусобиқаи Аврупо нишони нуқра буд, ки солҳои 1999, 2005 ва 2007-ум ба даст овардааст.
Қаблан, ҳамчунин хабар дода шуд, ки волейболбозони рус ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2014 низ роҳхат гирифтаанд.
Аммо мақоми сеюмро дар мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо тими Сербия ба даст овард, ки мунтахаби Булғористонро бо ҳисоби 3:0 (25:22, 32:30, 27:25) шикаст дод.