Президент гуфт, намоз мехонад
Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон Исломро дини ҳақ хонда, худро яке аз пайравони он донистааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло 80 дарсади аҳолии Қирғизистон, аз ҷумла худаш мусулмон буда, панҷ вақт намоз ҳам мехонад.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Қирғизистон дар солҳои пешин ба он хотир ба дини Ислом аҳамият дода намешуд, ки раҳбарони собиқи он аз ин дин дур будаанд.
Раисиҷумҳури Қирғизистон таъкид кардааст, ки Ислом дини ҳақ мебошад ва моро лозим аст, аз он дуруст пайравӣ кунем: “Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки имрӯз бо ворид шудани ҳаргуна гуруҳҳои ифротӣ-мазҳабӣ фазои динии кишварҳо чигуна печида мешавад.”
Ӯ меӯяд, дар Қирғизистон ба мисли даврони Шӯравӣ ҳар гуна равия ё гуруҳи мазҳабиро бо пайдо шуданаш мамнуъ намехонад: “Мо ин масъаларо ба вазорати дифоъ барои баррасӣ пешниҳод мекунем, то давоми се моҳ ё зиёда аз он омӯхта шавад. дар ин заминаҳзо бояд бештар аз роҳҳои гуфтугӯ истифода кард.”