(АКС) Дуои Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи Увайси Қаранӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи якшанбеи 29-уми сентябр ба ноҳияи Ховалинг сафар карда, дар пайи ифтитоҳи як қатор иншоотҳо оромгоҳи ҳазрати Султони Увайси Қараниро низ зиёрат намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои пойдории оромию осоиши Тоҷикистон ва рифоҳи мардуми шарифи кишвар дуою фотиҳаи наку хонда шуд.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон барои ба як мавзеи ободу зебои сайёҳӣ табдил додани ин мавзеъ супоришҳо дода, аз ҷумла дастур додааст, ки дар ин ҷо як меҳмонхонаи бисёрошёна бо шароити муосири будубоши шаборӯзӣ ва истироҳату фароғат бунёд гардад.