Зоирини қазоқро вирус ҳам аз роҳ нагардондааст
Вазорати тандурустии Қазоқистон аз шаҳрвандонаш хостааст, аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Арабистони Саудӣ худдорӣ кунанд.
Бино ба иттилои расида, ин ҳушдор дар пайи паҳн шудани вируси хатарноке садо додааст, аммо оҷонсиҳои сайёҳӣ гуфтаанд, то кунун ҳеч яке аз муштариёни онҳо аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ накардааст.
Бино ба иттилои 26-уми сентябр нашршуда, ин вирус сабаби маризии 130 нафар дар рӯи ҷаҳон шудааст, ки 58 тани онҳо ба ҳалокат расидаанд. Ҳолатҳои ин беморӣ бештар миёни шаҳрвандони Урдун, Қатар, Аморати муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ба қайд расидааст. Дар Италия, Бритониёи Кабир, Ирландияи Шимолӣ, Тунис ва Фаронса ҳам сироятёбӣ аз ин ангезанда сабт шудааст.
Вазорати тандурустии Қазоқистон мегӯяд, роҳҳои сироятёбии ин вирус ҳоло маълум нашудааст. Дар робита вазорат ҳушдор додааст, ки аз сафар ба Арабистони Саудӣ бо мақсади анҷоми Ҳаҷ худдорӣ варзанд. Аммо гуфта мешавад, ҳамаи зоирин омодагии худро аз сафар ба Хонаи Худо изҳор доштаанд.
Имсол ба Қазоқистон барои анҷоми Ҳаҷ 5500 квота ҷудо шудааст.