Президент ба волидайни чоргоник хона ва мошин туҳфа кард
Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ба волидайни чоргоник як хона ва мошин туҳфа кардааст.
Ба иттилои хабаргузории “24kg.org”, имрӯз 28-уми сентябр Исо Амирқулов, шаҳрдори Бишкек аз оилаи Красновҳо, ки чанде қабл соҳиби чор фарзанд шуданд, дидан карда, аз номи раисиҷумҳури Қирғизистон ба онҳо як хонаи якҳуҷрагӣ ва як мошин туҳфа кардааст. Ин чоргоникҳо ду писар ва ду духтар буда, ба онҳо Милана, Диана, Лев ва Влад ном гузошта шудааст. Инчунин шаҳдори Бишкек як миқдори муайян маблағеро низ ба онҳо ҳамчун мукофоти пулӣ тақдим кардааст.
Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек 9 ҳазору 932 тифл ба дунё омадааст.