Кӣ дурӯғ мегӯяд: Гумруки Тоҷикистон ё Чин?
Фарқ миёни маълумоти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар бораи ҳаҷми додугирифти мол миёни ин ду кишвар як миллиард долларро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳаҷми додугирифти мол бо Чин дар соли 2012-ум 670 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар ҳоле, ки тибқи омори гумрукии Ҷумҳурии халқии Чин гардиши мол миёни Чину Тоҷикистон дар соли 2012-ум 1 миллиарду 700 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, суоле матраҳ аст, ки 1 миллиарду 30 миллион доллар ё худ 5 миллиард сомонии дигар, куҷо шуданд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон онро сабт накардааст? Дар ҳоле, ки сабти расмии ин миқдор мол метавонист ба буҷет садҳо миллион сомонии иловагӣ ворид намояд.
Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотиаш эътироф намуд, ки миёни омори мақомоти гумруки Чину Тоҷикистон дар мавриди ҳаҷми гардиши мол тафриқа аст. Ӯ дар шарҳи ин фарқият гуфт, мақомоти гумруки Тоҷикистону Чин аз ду усули фарқкунандаи ҳисобукитоб истифода мекунанд.
Раҳматов афзуд, ки дар ҳудуди кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ усули ҳисобукитоби гумрукие татбиқ мешавад, ки мувофиқи созишномаи миёни ин кишварҳо мувофиқа шудааст, аммо дар Чин усули тамоман дигарро истифода мебаранд: “Ин аст, ки ҳаҷми нишондодаи мақомоти Чин аз маълумоти гумрукии Тоҷикистон фарқ доранд.”
Аммо ҳолдонҳо мегӯянд, дар бархе аз ҳолатҳо молҳои чинӣ дар мувофиқа бо кормандони мақомоти гумрук, яъне тариқи додани пора ва бе сабти расмӣ ворид мешаванд. Дар натиҷа маълумоти омории Чин аз Тоҷикистон бамаротиб зиёд мебарояд, чун чиниҳо ҳамаи молҳои содиротияшонро сабт мекунанду аз онҳо боҷ меситонанд.