Украина бозии даври интихобии МҚҶ-2014-ро бидуни тамошобин мегузаронад
Украина бозии даври интихобии Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футболро бо тими миллии Лаҳистон бидуни тамошобин анҷом медиҳад. Чунин тасмимро 27-уми сентябр Кумитаи ахлоқии ФИФА гирифтааст.
Торнамои расмии Федератсияи байналмилалии футбол далели ин тасмимро ба рафтори мухлисони яккачини Украина зимни бозӣ бо мунтахаби Сан-Марино рабт додааст. Ин дидор 6-уми сентябр дар шаҳри Лвов баргузор шуда, тими Украина бо ҳисоби 9:0 пирӯз шуд. Ҳаводорони тими мизбон “пиротехника”-и мамнуъро истифода карда, ҳамчунин дар майдон лавҳаҳои мазмуни нажодпарастидошта овехтаанд.
Федератсияи футболи Украина ҳам барои ин амалҳои мухлисонаш 45 ҳазор франки швейтсарӣ ҷарима шуда, варзишгоҳи Лвов аз ҳаққи мизбонии бозиҳои даври интихобии мусобиқаҳои бузург то МҚҶ-2018 маҳрум шудааст.
Дидори миёни мунтахабҳои Украина ва Лаҳистон 11-уми октябр баргузор мешавад.
Феълан, яккачини Украина бо 15 имтиёз дар зинаи дуюми даври интихобии гуруҳашон қарор доранд. Дар ҷои аввал мунтахаби Англия бо 16 хол нишастааст. Лаҳистон 13 имтиёз дошта ва дар зинаи чорум аст. То анҷоми даври интихобӣ ҳар даста ду бозии дигар анҷом медиҳад. Дастае, ки ҷои аввалро мегирад, мустақиман ба МҚҶ-2014 роҳ меёбад. Ғолиби ҷои дуюм ҳаққи ширкат дар бозиҳои иловагиро дарёфт мекунад.
МҚҶ тобистони соли оянда дар Бразилия баргузор мешавад.