Шикояти кассатсионии Наумов аз болои ҳукми додгоҳ
Сергей Наумов, хабарнигори узбак, ки ба иттиҳоми “майдаавбошӣ” ба муддати 15 рӯзи зиндон маҳкум шуд, аз болои ҳукми додгоҳи вилояти Хоразми Узбакистон шикояти кассатсионӣ бурдааст.
Дар ин бора Сергей Майоров, вакили дифои хабарнигори узбак ба расонаҳо хабар дода, мегӯяд, додгоҳи Хоразм бе баррасӣ ва таҳқиқи аризаи шикоятии ҷониби даъвогар ҳукм баровардаас. Ин чунин ба гуфтаи Майоров, дар қазия шоҳидон муайян карда нашудаанд, ки дар ҳолати вуқуи ин ҳодиса онҷо ҳузур дошта бошанд.
Вакили дифои хабарнигор таъкид дорад, ки додгоҳи Хоразм дар ҳоле алайҳи зерҳимояаш ба иттиҳоми ҳамла ба Д.Матякубов ҳукм кардааст, дар бораи ҳаёту зиндагии ин зан суханҳои хуб шунида намешавад. Сергей Наумов, рузноманигори хабаргузории “fergana.ru”-ро ба иттиҳоми “майдаавбошӣ” ахиран аз тарафи додгоҳи вилояти Хоразм ба муддати 12 шабонарӯз ҳабс карда шуд.
Бар асоси матни қарори додгоҳ, Сергей Наумов рӯзи 21-уми сенябр тахминан соатҳои 16:00, дар назди дорухонае дар кучаи ал-Хоразмӣ бо як зан, ки аз ӯ Д. Матякубова ном бурда шудааст, бархур мехурад. Дар натиҷа гӯиё рӯзноманигор ба тарафи ин зан ҳамла карда, ӯро дашном дода бошад. Ин амал аз тарафи додгоҳи Урганҷи Узбакистон тибқи модаи 183-и Кодекси маъмурии ин кишвар ҳамчун вайрон намудани тартибот дониста шудааст. Вале ин ҳуқуқшиносони узбак изҳор доштианд, ки дар рафти мурофиаи судии Наумов аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ ва додрас ба қонуншиканиҳо роҳ дода шуда, онҳо ҳукм алайҳи рӯзноманигорро “фармоиш” аз боло медонанд.