Низомиёни артиши Фаронса, ки дар ҳайати нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ (НАТО) дар Афғонистон мустақаранд, сокинони осоиштаи ин кишварро ҳадафи тир қарор додаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, баъд аз зӯҳри дирӯз дар вилояти Каписо, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, ҳарбиёни Фаронса як худрави мутаалиқ ба сокини давлати исломиро тирборон кардаанд, ки дар пайи ин ҳодиса як зани ҳомила, як кӯдак ва сарнишини нақлиёт ба ҳалокат расидааст. Ба қавли низомиён, ин мошин ба ишораи таваққуфи онҳо таваҷҷӯҳ накарда, аз нуқтаи назоратӣ берун шудан мехост.
Зимнан, сафири Фаронса дар Афғонистон барои ин амали сарбозони кишвараш аз ҳукумат ва мардуми Афғонистон пӯзиш хостааст, аммо райисҷумҳури давлати исломӣ Ҳомид Карзай гуфтааст: «Бо арзи маъзарат ва бахшиш наметавон қурбониёни фоҷиаро зинда кард».{jathumbnail off}