Назарпурсӣ: Ҳимояти қариб 90% аз роҳбарии зан дар давлат
Тибқи як назарпурсӣ, ки дар бахши русии хабаргузории “Озодагон” гузаронда шудааст, наздики 90 дарсад аз роҳбарии зан дар Тоҷикистон ҳимоят кардаанд.
Ин назарпурсӣ, ки миёни хонандагони бахши русии “Озодагон” гузаронда шудааст, муайян намудааст, ки 87,4 дарсад муътақиданд, ки зан метавонад роҳбарии як давлатро ба уҳда гирад.
Ҳудуди 7,5 дарсади хонандагон гуфтаанд, ки ҳанӯз мардум барои роҳбарии зан омода нест ва танҳо 5 дарсад гуфтаанд, зан дар сари қудрат аз нигоҳи Ислом ва минталитети мо дуруст нест.
Ин дар ҳолест, ки ислҳотхоҳон дар интихоботи 6-уми ноябри соли равон номзадии ҳуқуқшинос, Ойниҳол Бобоназароваро пешниҳод кардаанд, ки якумин номзади зан ба мақоми президентӣ дар таърихи Тоҷикистон мебошад.