Ҷавонони қазоқ барои нарафтан ба хизмат Русия мардикорӣ мерафтаанд
Ҷавонони навоҳии бо Русия ҳаммарзи вилояти Костанайи Қазоқистон барои нарафтан ба артиш ба Русия мераванд. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон хабар медиҳад.
Дмитрий Жерег, раҳбари шӯъбаи кор бо мудофиаи ноҳияи Қарабалиқ гуфтааст, "наздики 10-20 дар сади ҷавонон сини хизмат ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳастанд”.
Ба гуфтаи ӯ бештари ҷавонон “даъватномаҳои комисариатҳои ҳарбиро нодида мегиранд”.
Ноҳияи Қарабалиқи вилояти Костанайи Қазоқистон дар қисмати шимол ва ғарб бо вилояти Челябински Русия марзи муштарак дорад.